• A-
    A+
  • Людям із порушенням зору
  • Українською
  • English
  • Русский
Иди Саиди Фитр Муборак!
Опубліковано 20 березня 2026 року о 08:21

Дӯстони азиз!

Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр, ки таҷассумгари арзишҳои волои инсонӣ — некиву накӯкорӣ, сабру таҳаммул ва раҳму шафқат мебошад, самимона табрику шодбош мегӯям.

Имрӯз мо беш аз ҳарвақта моҳияти сулҳ, адолат ва озодиро ҳамчун неъматҳои бебаҳои башарият дарк мекунем. Дар ин лаҳзаҳои файзбор биёед ҷиҳати истиқрори сулҳу амнияти пойдор дар саросари олам, хотимаи ҷангу низоъҳо ва шифои оҷили беморон даст ба дуо бардорем, то инсоният дар фазои осоиш ва саломатии комил рӯзгор ба сар барад.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Украина ва Тоҷикистон минбаъд низ дар партави эҳтироми мутақобила густариш ёфта, боиси расидан ба ҳадафҳои нави созанда мегарданд.

Бигзор дуову ниятҳои неки Шумо дар ин айёми муқаддас мустаҷоб гашта, ин Иди Саид ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, оромиву осоиш ва некуаҳволиву хушбахтӣ ато фармояд.


Иди саиди Фитр мубораку фархунда бод!

Зинда бод Тоҷикистон!

Слава Україні!

Outdated Browser
Для комфортної роботи в Мережі потрібен сучасний браузер. Тут можна знайти останні версії.
Outdated Browser
Цей сайт призначений для комп'ютерів, але
ви можете вільно користуватися ним.
67.15%
людей використовує
цей браузер
Google Chrome
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux
9.6%
людей використовує
цей браузер
Mozilla Firefox
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux
4.5%
людей використовує
цей браузер
Microsoft Edge
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
3.15%
людей використовує
цей браузер
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux