14 сентябр дар Федератсияи Русия, ба истилоҳ «рӯзи ягонаи овоздиҳӣ»-и баргузор гардид, ки дар ҷараёни он сарфи назар аз меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тақлиди раванди интихобот дар ҳудуди муваққатан ишғолкардаи Украина, дар Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва Севастопол низ сурат гирифт.
Дар соли ҷорӣ мақомоти ишғолӣ «интихоботи иловагӣ»-и вакилони шӯроҳои шаҳрии муваққатан ишғолшудаи Севастопол ва Симферопол, инчунин ба истилоҳ «губернатори» Севастополро баргузор намуданд.
Қайд менамоем, ки ташкили ба истилоҳ «интихобот» аз ҷониби Русия дар ҳудуди муваққатан ишғолшудаи Украина ғайриқонунӣ буда, натиҷаҳои онҳо — беэътибор мебошанд. Ҳеҷ шахсоне, ки гӯё дар натиҷаи ин фиреб «интихоб шудаанд» барои иҷрои вазифаҳои мансабдорӣ ягон асосҳои ҳуқуқӣ нахоҳанд дошт.
Умедворем, ки ва шарикони мо мисли пештара натиҷаҳои чунин интихоботҳои сохтаро эътироф нахоҳанд кард, бо намояндагони мақомоти ишғолӣ дар ҳудуди муваққатан ишғолшудаи Украина алоқа нахоҳанд кард, ягон амалеро, ки метавонад ба сиёсати эътироф накардани ишғоли Русияи заминҳои Украина халал расонад, анҷом нахоҳанд дод.
Ҳама гуна мақомот, шахсони мансабдори онҳо ва кормандони хидматӣ дар ҳудуди муваққатан ишғолшуда, ба мисли тамоми фаъолияти онҳо, агар онҳо дар тартибе, ки қонунгузории Украина пешбинӣ накардааст, таъсис дода, интихоб ё таъин шуда бошанд, ғайриқонунӣ ҳисобида мешаванд.
Бори дигар тасдиқ менамоем, ки ҳамаи шахсоне, ки дар ташкил ва гузаронидани ҳама гуна «интихобот» дар ҳудуди муваққатан ишғолшудаи Украина дахл доранд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Украина ва дар доираи равандҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгар хоҳанд буд, инчунин таҳти амали низомҳои таҳримии ҷорӣ ва ояндаи таҳримӣ дар доираи ҳуқуқии Украина ва хориҷӣ қарор хоҳанд гирифт.
Интихоботи қалбакӣ дар замини дуздидашуда ба Русия дар қонунӣ гардонидани ишғол кӯмак нахоҳанд кард- чизи дуздидашударо баргардонидан лозим аст.