1 октябр соли 2025 ҳайати кормандони Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо дипломатҳои кишварҳои шарик, ҷамъияти украинӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи тоҷик, ба ҷанговароне, ки замин, ирода ва ояндаи Украинаро ҳимоя мекунанд, арзи сипос намуданд ва хотираи қаҳрамононе, ки барои истиқлолияти ватан ҷони худро фидо намуданд гиромӣ доштанд.
Сафири Украина Валерий Евдокимов изҳор дошт, ки "имрӯз, маҳз дастовардҳои муҳофизони Украина тамоюлҳои дипломатиро дар роҳи сулҳ муайян мекунанд. Ҷанговарони муосир анъанаҳои ҳазорсолаи ҳарбии Украинаро афзун ва рушд дода, саҳифаҳои нави таърихи Украинаро ба тасвир меоранд. Артиши Украина ба яке аз нерӯмандтаринҳо дар ҷаҳон табдил ёфтааст."
Рӯзи муҳофизон ва занон-муҳофизони Украина – идест, ки дар посух ба таҷовузи Русия дар соли 2014 бунёд ёфтааст, аммо решаҳои он дар таърихи чандинасра ва анъанаҳои украиниҳо ниҳон аст.
Муҳтарам сафирон, ҳамкорон, дӯстон!
Вақте ки Русия соли 2014 Қримро хоинона забт кард ва сипас ба минтақаҳои шарқии Украина ворид шуд, мо натавонистем муқовимати сазовор нишон диҳем, зеро ҳеҷ кас ҷангро дар асри бисту як интизор набуд. Артиши мо омода набуд ва ҳама моро итминон доданд, ки он зарур нест. Мо ба ин бовар карда, Меморандуми Будапештро имзо кардем.
Аммо вақте ки Русия дар моҳи феврали соли 2022 ҳуҷуми густурдаро ба Украина оғоз кард, муҳофизони украинӣ ба душман зарбаи қатъӣ заданд ва ҳатто пеш аз дарёфти кумаки низомӣ аз шарикон, ишғолгаронро маҷбур карданд, ки бо талафоти азим аз пойтахт ақибнишинӣ кунанд.
Онҳо саломатӣ ва ҳаёти худро барои он мебахшанд, то дигарон битавонанд зиндагии ҳаррӯза ба сар баранд: кор кунанд, эҷод кунанд, истироҳат кунанд ва кӯдаконро тарбия кунанд.
Имрӯз, маҳз дастовардҳои муҳофизони Украина тамоюлҳои дипломатиро дар роҳ сӯи сулҳ муайян мекунанд.
Рӯзи муҳофизон ва муҳофизаҳо - пеш аз ҳама ҷашни онҳоест, ки истиқлолиятро ҳифз мекунанд. Дар ин рӯз мо ҳомиёни муосир ва ҳимоятгарони Украина, инчунин қаҳрамонони украинии давраҳои гуногунро гиромӣ медорем.
Ҷанговарони муосир анъанаҳои ҳазоронсолаи ҳарбии украиниро афзун ва рушд дода, саҳифаҳои нави таърихи Украинаро менависанд. Артиши мо ба яке аз нерӯмандтаринҳо дар ҷаҳон табдил ёфтааст.
Рӯз то рӯз шумораи бештари одамон дар ҷаҳон изҳор медоранд, ки ҳимоятгарони украинӣ на танҳо Украина, балки сулҳ ва демократияи тамаддуни муосирро низ ҳимоя мекунанд.
Ташаккур ба ҷанговарони мо барои шуҷоат, пирӯзӣ ва фидокорӣ!
Ташаккур ба шарикони байналмилалии мо барои дастгирӣ!
Шавкат ба Украина!