Дар маросими Дуогӯии умумиҷаҳонӣ барои Украина, ки имрӯз дар саросари олам садо медиҳад, сафирони Украина, Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳамчунин дипломатҳои Озарбойҷон, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ҳайати САҲА, кормандони сафорати Украина ва намояндагони ҷомеаи украинӣ ширкат варзиданд.
Сафири Украина Валерий Евдокимов изҳор доштанд, ки дар 34- умин солгарди истиқлолияти Украина, мардуми он беш аз 11 сол аст, ки барои ҳифзи истиқлолият мубориза бурда, ҳаёт, хонавода, озодӣ ва сарзамини хешро аз таҷовузи Русия дифоъ мекунанд. Беш аз ҳама, украиниҳо умедворанд, ки ба ҷои ҷанг, дар кишвари хеш ҳаёти осоишта ва муқаррарӣ дошта, барои тансиҳатии пайвандон ва наздикони хеш дуо гӯянд.
Дар ин мубориза, истиқлолият барои украиниҳо арзиши волое пайдо намудааст, ки бо ҳаёт, озодӣ ва адолат мушобеҳ аст.
Украиниҳои муқими Тоҷикистон ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ ва ба Роҳбари калисои Румии католикии ба номи Юсуфи муқаддас дар шаҳри Душанбе ва ҷамоати он барои фароҳам овардани имкони дуогӯӣ баҳри сулҳ барои мардуми Украина, изҳори сипоси бепоён менамоянд.