• A-
    A+
  • Русский
  • Українською
  • English
Суханронии Сафири Украина ба муносибати 4-умин солгарди таҷовузи Федератсияи Русия ба Украина
25 февраля 2026 07:30

Ҳамкорон ва дӯстони гиромӣ!

Чор сол қабл, пас аз ҳашт соли таҷовузи пайваста, Русия ба ҷанги ошкоро алайҳи мардуми Украина оғоз намуд, ки ҳадафи он на танҳо аз байн бурдани давлатдории украинӣ, балки маҳви ҳувияти миллӣ низ буд.

Субҳи 24 феврали соли 2022 бо садои таркишҳо, ҳуштаки мушакҳо дар паси тиреза ва хабарҳои изтиробангез фаро расид: артиши Федератсияи Русия марзи давлатии Украинаро убур кард.

Нахустин таркишҳои мушакҳои русӣ ва аввалин қурбониҳо дар миёни ҳомиёни Украина ба вуқуъ пайвастанд - онҳое, ки фирор накарданд ва тибқи талаби Путин дар муроҷиатномаи субҳии ӯ ба хонаҳояшон пароканда нашуданд, балки зарбаи нерӯҳои мунтазами таҷовузкорро бар дӯш гирифтанд.

Танкҳои русӣ бо шоҳроҳҳо ҳаракат карда, пас аз чанд соат ба канори Киев расиданд. Дар масири худ онҳо маргу харобӣ кошта, мошинҳои мулкии тирбороншударо бо одамоне, ки нияти фирор аз ҷангро доштанд, боқӣ мегузоштанд.

Сарфи назар аз бартарии чандинкарата дар ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти низомӣ, Русия натавонист пойтахти Украинаро тасарруф кунад ва назорати давлатиро ба даст гирад.

Бераҳмӣ ва қасовати низомиёни рус украиниҳо ва тамоми ҷаҳонро ба даҳшат оварда, чеҳраи воқеии «олами рус»-ро ошкор намуд.

Оҷизии худро дар ҷабҳа Маскав бо роҳи террор алайҳи аҳолии осоишта ҷуброн мекунад: зерсохторҳои энергетикӣ ва низомҳои ҳаётан муҳимро хароб карда, шароити барои зиндагӣ номувофиқро ба вуҷуд меорад.

Имрӯз оилаҳо, дӯстон ва ҳамсоягони мо воқеан маҷбуранд дар шароити бидуни нерӯи барқ, гармӣ ва ҳатто об зиндагӣ кунанд. Ин зимистон дар Украина бо сармои камназири худ фарқ кард.

Вале ба ҷойи таслим шудан, мардуми Украина дар азми худ барои пирӯзӣ бар душмани азалии

хеш дар муборизаи беш аз 500-сола баҳри ҳаққи зиндагӣ дар сарзамини худ ва украинӣ номида шудан, устувортар мегардад.

Террор - силоҳи асосии Кремл аст.

Бисёр одмон дар кишварҳои дигар шояд намехостанд дар бораи ин ҷанг чизе бидонанд ё қисме аз некуаҳволии худро ба хотири дастгирии минбаъдаи Украина нисор кунанд. Мо ин тарсу хоҳишҳои оддии инсониро хуб дарк мекунем. Аммо бояд дастҷамъона собит созем: агар Украина тоб наорад, халқҳои дигар бо воқеаҳое рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки аз нороҳатиҳои ҷорӣ ба маротиб мудҳиштаранд.

Дар қаламравҳои ишғолшуда душман тухми марг, даҳшат ва харобӣ мекорад. Мо шоҳиди онем, ки одамон, бавижа занону кӯдакон, дар асорати истилогарон чӣ гуна азобҳои ғайриинсониро таҳаммул мекунанд. Мо мегӯем, ки ин на танҳо як артиши ишғолгар, балки як «Зулмоти мутлақ» ва бадии аз дӯзах омада аст. Ва мо танҳо метавонем онро якҷоя - бо нерӯҳои Нур шикаст диҳем.

Шикастнопазирии мо ба дастгирии шумо такя дорад.

Дар канори шумо мо артиши Украинаро ба яке аз қавитарин артишҳои ҷаҳон табдил додем. Таҷрибаи он бебаҳост.

Мо, украиниҳо, ба шумо - шарикони худ барои дастгирии сиёсӣ, молиявӣ, башардӯстона, низомӣ ва дипломатӣ сипосгузории амиқ изҳор менамоем.

Украина аллакай баҳои гарон пардохт намудааст ва пардохти онро идома медиҳад. Баръакси Маскав, ки танҳо бо такя ба шумораи зиёди сарбозон меҷангад, мо аз даст додани ҳар як ҳаёт - чӣ муҳофиз, чӣ кӯдаки бегуноҳ ва чӣ шаҳрванди осоишта - сахт дарднок мешавем.

Аз таҳти дил орзу мекунам, ки ҳарчи зудтар ин ҷанги ваҳшиёна ва хунинро, ки дар асри XXI ҷое надорад, мутаваққиф созем.

Сипос аз он ки бо мо ҳастед, ташаккур барои дастгирӣ!

Шараф ба Украина ва шарикони он!

Outdated Browser
Для комфортної роботи в Мережі потрібен сучасний браузер. Тут можна знайти останні версії.
Outdated Browser
Цей сайт призначений для комп'ютерів, але
ви можете вільно користуватися ним.
67.15%
людей використовує
цей браузер
Google Chrome
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux
9.6%
людей використовує
цей браузер
Mozilla Firefox
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux
4.5%
людей використовує
цей браузер
Microsoft Edge
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
3.15%
людей використовує
цей браузер
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux