Сафири Украина Валерий Евдокимов, кормандони Сафорат ва намояндагони ҳайати украинӣ дар шаҳри Душанбе барои гиромидошти хотираи равшангари фарҳанги Украина — Тарас Шевченко ҷамъ омаданд.
Дар рӯзҳои ҷанги васеъмиқёс Кобзар ба садои муқовимати миллати украинӣ, рамзи таърихии ҳувияти миллӣ ва сарчашмаи дастгирии рӯҳонӣ табдил ёфт.
Сухани Тарас дар хатти пеш, дар майдонҳои шаҳрҳои озодшуда аз ишғоли Русия ва дар манзилҳои миллионҳо паноҳҷӯён садо медиҳад. Даъвати ӯ «Мубориза баред — пирӯз хоҳед шуд!» формулаи комёбии Украина гардид.
Украиниён халқе ҳастанд, ки озодиро аз ҳама бештар қадр мекунанд. Бо гиромидошти Шевченко мо шикастнопазирии худро ва эътиқоди устувор ба он, ки «дар замини навсозишуда душман ва адӯ нахоҳад буд», таҷлил менамоем.