Дар Душанбе намояндагони ҳайати дипломатӣ ва ҷомеаи украинӣ ҷамъ омаданд, то матонати мардуми Украинаро арҷгузорӣ кунанд ва ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалиро дар муборизаашон бар зидди таҷовуз аз ҷониби Русия ифода намоянд.
Сафорати Украина ҳамроҳ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон чорабиниҳоеро ба муносибати чорумин солгарди таҷовузи густурда ва беасоси Русия ба Украина баргузор намуданд.
Сафири Украина, Валерий Евдокимов, ба шарикон барои он дастгирие, ки ба туфайли он артиши Украина яке аз қавитарин дар ҷаҳон гардид, изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки новобаста аз бартарии чандинкарата дар ҳайати шахсӣ ва силоҳ, Русия натавонист назорати худро бар Украина мустаҳкам созад. Бераҳмӣ ва ваҳшати низомиёни рус мардуми Украина ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард ва чеҳраи ҳақиқии «олами рус»-ро нишон дод. Баръакси террори ба роҳ мондаи Маскав, мардуми Украина дар ирода ва хоҳиши худ барои ғалаба бар душмани абадии худ дар мубориза барои ҳуқуқи озодона дар сарзамини худ зиндагӣ кардан ва ҳамчун украинҳо шинохта шудан мустаҳкамтар мегарданд.
Сафорати Украина ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо як
изҳороти муштарак нашр карданд, ки ба он сафоратҳои Фаронса, Олмон ва Шоҳигарии Муттаҳида низ ҳамроҳ шуданд. Дар изҳорот хусусияти нобаробар, ғайриқонунӣ ва ғайрибашардӯстонаи ҷанги оғозкардаи Русия алайҳи Украина қайд гардида, ҳамчунин омодагии Иттиҳоди Аврупо барои идомаи дастгирии сиёсӣ, молиявӣ, гуманитарӣ, низомӣ ва дипломатӣ ба Украина таъкид шудааст.
«Ҳуҷуми русӣ як нақзи барҷастаи ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳдиди мустақим ба сулҳ ва амният дар берун аз марзҳои Аврупо ва ситезаҷӯии нопазири суботи иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошад», — омадааст дар изҳороти муштарак.
Шараф бар Украина!
