• A-
    A+
  • Русский
  • Українською
  • English
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Украина дар бораи мулоқоти вазирони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ашқобод
31 мартa 2025 10:32

Вазорати корҳои хориҷии Украина баргузории 20-умин мулоқоти вазирони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашқобод 27 марти соли 2025-ро истиқбол мекунад.

Украина ҳамкории тадриҷӣ ва пайвастаи байни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказиро хеле қадр мекунад ва интизори фаъолона ширкат варзидани кишвари мо дар ин раванд аст.

Дар заминаи додани мақоми номзад барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ба Украина, кишвари мо бо назардошти ҳамгироии ҷуғрофӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии он ба равандҳои минтақавӣ, иштирокчии табиии ин муколама мебошад. Мо мехоҳем саҳми назарраси Украина дар амнияти ҷаҳонӣ, аз ҷумла амнияти озуқавориро, тавассути татбиқи ташаббусҳои башардӯстона, аз қабили "Дон аз Украина" таъкид намоем.

Вазорати корҳои хориҷии Украина изҳороти равшани дар комюникеи ниҳоии мулоқот оид ба тасдиқи ӯҳдадории иштирокчиён ба принсипҳои Оинномаи СММ, эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо дар доираи сарҳадҳои байналмилалӣ эътирофшударо истиқбол мекунад.

Мо аз ӯҳдадории Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расидан ба сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор дар Украина истиқбол мекунем. Чунин изҳорот дар заминаи идомаи таҷовузи густурдаи Федератсияи Русия аҳамияти хоса дорад.

Мо аҳамияти минбаъд нигоҳ доштан ва тақвият бахшидани фишори таҳримии Иттиҳодияи Аврупоро ба таҷовузкор, инчунин муносибати масъулонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои риояи низоми таҳримҳо таъкид менамоем.

Мо омодагии тарафҳоро барои идомаи ҳамоҳангсозӣ дар самти пешгирии убур аз таҳримҳо, бахусус тавассути содироти дубораи молҳои афзалиятнок ва истифодаи дугона хеле қадр мекунем.

Украина омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳияи хатсайрҳои муосири нақлиётӣ ва логистикӣ ва инфрасохтори таъминоти энергетикӣ фаъолона иштирок намояд. Бо назардошти мавқеи стратегии мо, Украина ҷузъи ҷудонопазири долони Транскаспий мебошад.

Мо ӯҳдадор ҳастем, ки дар ташаккул ва рушди хатсайрҳои устувор ва гуногунҷабҳаи тиҷорат, ки барои тамоми қитъа аҳамияти стратегӣ доранд, ширкат варзем.

Мо ӯҳдадор ҳастем, ки дар татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ба таври муассир ширкат варзем. Мо ба ҳалли масъалаи Афғонистон, мубориза бо тағйирёбии иқлим, таъмини устувори об ва рушди энергетикаи сабз дар ҳамоҳангӣ бо шарикони аврупоӣ ва минтақавӣ диққати махсус медиҳем.

Вазорати корҳои хориҷии Украина изҳори ҳавасмандӣ мекунад, ки ҳамкориҳо дар формати Иттиҳодияи Аврупо-Украина-Осиёи Марказӣ минбаъд низ ба таври институтсионалӣ амиқ карда шаванд. Мо ба ошкоро шудани ҳамкориҳои сеҷониба баҳои мусбат медиҳем ва интизори омодагии босифат ва баргузории саммити аввалини Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, ҳастем.

28 марти соли 2025, МЗС України

Outdated Browser
Для комфортної роботи в Мережі потрібен сучасний браузер. Тут можна знайти останні версії.
Outdated Browser
Цей сайт призначений для комп'ютерів, але
ви можете вільно користуватися ним.
67.15%
людей використовує
цей браузер
Google Chrome
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux
9.6%
людей використовує
цей браузер
Mozilla Firefox
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux
4.5%
людей використовує
цей браузер
Microsoft Edge
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
3.15%
людей використовує
цей браузер
Доступно для
  • Windows
  • Mac OS
  • Linux