Вазорати корҳои хориҷии Украина бо қотеъият ҳамлаҳои густурдаи террористии шаҳрҳои Украинаро, ки аз ҷониби Федератсияи Русия дар таърихи 24 ва 25 майи соли 2025 сурат гирифтанд, ба таври қатъӣ маҳкум менамояд.
Русия дар ин рӯзҳо яке аз азимтарин ҳамлаҳои мураккабро аз оғози таҷовузи пуршиддати худ амалӣ сохт.
Шаби 24 май, нерӯҳои ишғолгари Русия бо истифода аз 264 адад воситаҳои ҳамлаи ҳавоӣ, аз ҷумла 14 мушаки баллистикии "Искандер-М"/KN-23 ва ҳамчунин 250 адад ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбатии навъи "Shahed", ба қаламрави Украина зарба заданд.
Ин ҳамла дар тӯли шаб идома ёфта, дар таърихи 25 май бо ҳамлаи густурдаи мушакӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бомбаандози стратегии Ту-160 ва Ту-95МС, ки мушакҳои қанотдори Х-101-ро партоб мекарданд, ва ҳамчунин мушакҳои қанотдори "Калибр" аз обҳои баҳри Сиёҳ, тақвият ёфт.
Шаби 25 май, душман ҳамлаи мураккаберо ба Украина бо истифода аз 367 адад воситаҳои ҳамлаи ҳавоӣ, аз ҷумла 9 мушаки баллистикии "Искандер-М"/KN-23, 55 мушаки қанотдори ҳавоӣ ва баҳрии Х-101, "Калибр" аз ҳавопаймоҳои авиатсияи стратегии Ту-95 ва Ту-160, 1 мушаки қанотдори Х-22 аз ҳавопаймои Ту-22М3, 4 мушаки идорашавандаи ҳавоии Х-59/69 аз ҳавопаймоҳои авиатсияи тактикӣ ва 298 адад ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбатии навъи "Shahed", роҳандозӣ намуд.
Зарбаҳо ба шаҳри Киев хусусияти махсусан шиддатнок доштанд, аммо вилоятҳои Днепропетровск, Донетск, Житомир, Запорожье, Киев, Николаев, Одесса, Сумы, Тернополь, Харьков, Хмельницкий ва Чернигов низ мавриди ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтанд. Русия маҳаллаҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён, марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва дигар иншоотеро, ки аҳамияти низомӣ надоранд, зарба зад.
Дар натиҷаи ин ҳамлаҳои террористӣ, даҳҳо шаҳрванди осоишта ба ҳалокат расида, беш аз сад нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Ин ҳамлаҳои ваҳшиёна нақзи ошкори меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва Конвенсияҳои Женева, ҳамчунин ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноят алайҳи инсоният ба ҳисоб мераванд.
Ҳамлаҳои Федератсияи Русия бори дигар собит месозанд, ки Русия нияти қатъ намудани ҷанги таҷовузкорона алайҳи Украина ва амалҳои террористӣ нисбат ба аҳолии осоиштаро надорад. Аз ҳама ҷойи таассуф ин аст, ки ин ҳамлаҳо дар пасманзари талошҳои фаъолонаи сулҳхоҳонаи Украина ва шарикони байналмилалӣ, ҳамчунин даъватҳо ба ҷорӣ намудани режими комил ва бидуни қайду шарт оид ба қатъи оташбас, ба вуқӯъ пайвастанд. Федератсияи Русия беэътиноии комилро нисбат ба ташаббусҳои сулҳи байналмилалӣ зуҳур намуда, ба ҷойи муколамаи созанда, таҳкими амалҳои террористиро идома медиҳад.
Қайд менамоем, ки Маскав танҳо забони қудрат, фишори иқтисодӣ ва ҷудоиро дарк менамояд. Танҳо тадбирҳои қотеъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими фишори таҳримҳо ва таъмини Украина бо воситаҳои зарурии мудофиавӣ метавонанд таҷовузкорро ба қатъи амалҳои террористӣ водор созанд.
Аз шарикон даъват ба амал меорем, то фишорро ба Федератсияи Русия тақвият бахшида, иқтидори мудофиавии Украинаро, бахусус, тавассути таъмини имкониятҳои иловагии дифои ҳавоӣ, системаҳои Patriot, IRIS-T, NASAMS ва дигар лавозимоти ҷангӣ, таҳким бахшанд.
Ҳамчунин, аз шарикон даъват ба амал меорем, то режими таҳримҳоро нисбат ба ширкатҳои русии маҷмааи ҳарбӣ-саноатӣ, соҳаи энергетика, ҳамаи бонкҳои Русия ва Бонки марказии Федератсияи Русия ва дигар бахшҳои иқтисодиёт тақвият бахшанд.
Мо исрор менамоем, ки роҳбарияти ҳарбӣ-сиёсии Федератсияи Русия барои тарҳрезӣ, ташкил ва содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноят алайҳи инсоният дар қаламрави Украина ҷазои ногузирро паси сар намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ҷалби онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мусоидат намояд.
Федератсияи Русия бояд барои кирдорҳои худ, ки на танҳо ба Украина таҳдид мекунанд, балки амнияти ҷаҳонӣ ва суботро халалдор месозанд, комилан масъул бошад. Украина минбаъд низ ҳимояи тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи мавҷудияти худро бо тамоми воситаҳои дастрас дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ идома хоҳад дод.
25 майи соли 20255