1000 РӮЗИ ДАЛЕРӢ ВА ШУҶОАТ
Украина 1000-умин рӯзи ҷангро аз сар гузаронид. Оё ин далерӣ ва шуҷоат нест? Ва чаро бархе аз сиёсатмадорон ҳаёти Украинаро, ки зери мушаку бомбаҳои рус мегузарад як мӯъҷиза номиданд.
Мо бо сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валерий Евдокимов дар ин бобат ва аз омилҳои муқовимати украиниҳо дар хатти фронт суҳбат доштем, ки он манзури шумо мегардад.
IA Avesta - Ҷаноби сафир, 1000 рӯз пеш ҳамлаи Русия ба шаҳрҳои Украина бо мушакҳо ва қатароҳои техникаи низомӣ ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Моҳи феврали соли 2022 чанд нафар боварӣ доштанд, ки Украина се ҳафта зинда мемонад. Оё мӯъҷизае рӯй дод?
- Русия аз моҳи феврали соли 2014 алайҳи Украина ҷанги таҷовузкорона мебарад.
Қариб 11 сол пеш бузургтарин кишвари ҷаҳон - Қрим ва қисмате аз вилоятҳои Донетск ва Луганскро ишғол кард. Дар давоми ҳашт сол ин ҷанг аломатҳои маҳаллӣ дошт.
Имрӯз 1000 рӯзи ҳамлаи ҳамаҷонибаи Русия ба Украина ва муқовимат ба кӯшиши Кремл барои забт кардани тамоми кишвари мо ва несту нобуд кардани давлатдориамон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ҳамла ба Киев мебошад, шаҳрҳои комилан харобшуда ва террори ҳамарӯзаи мардуми осоишта боз як исботи онанд.
1000 рӯз барои амалиёти фаъоли ҷангӣ давраи хеле дароз аст. Масалан, ҷанги дуюми ҷаҳон 2194 рӯз яъне шаш сол давом кард. Аз ҷиҳати шиддатнокӣ ҳарду ҷангро муқоиса кардан мумкин аст.
Украина давлатдории худро нигоҳ дошта тавонист ва ин шабу рӯз муборизаашро идома медиҳад ва ин ягон муъҷиза нест, балки далерӣ ва шуҷоати халқи Украина аст. Мутаассифона, бо нархи хеле баланду гарон.
IA Avesta - Шумо дар бораи ҷанги пуршиддат сухан рондед. Омилҳо ва усулҳои асосие, ки таҷовузкор ба кор мебарад, кадомҳоянд ва Украина чӣ гуна ба ин муқовимат мекунад?
- Пеш аз ҳама, Русия бартариашро бо одамон ва силоҳ истифода мебарад, инчунин дар авиатсия ва дар хатти фронт ин бартарият ҳис мешавад ва афзалият дорад. Бесабаб нест, ки муҳофизони мо усули русҳоро дар бурдани ҷанг "ҳамлаҳои гӯштӣ" ном гузоштанд. Русҳо одатан ҷангиён ва афсарони оддиро дареғ намедоранд. Худатон қазоват кунед, моҳи феврали соли 2022 артиши Русия анқариб бо 200 ҳазор сарбоз ба Украина ҳамла кард. Ҳоло дар қаламрави Украина ҳудуди 520 ҳазор истилогарони рус вуҷуд доранд ва фармондеҳони рус то охири соли 2024 ин шумораро ба 690 ҳазор нафар расонданианд.
Ба ғайр аз ин, нерӯҳои Русия бо истифодаи маводи хатарноки кимиёвӣ алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Конвенсияи манъи истифодаи маводи кимиёвиро дағалона вайрон мекунанд. Зиёда аз 4600 ҳодисаву мавриди истифодаи чунин маводҳо ва лавозимоти ҷангӣ аллакай сабт шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳамзамон Русия дар пайу фикри барқарор намудани ҳузурашро дар ҳайати Шӯрои иҷроияи Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ аст - овоздиҳӣ оиди номзадии он охири моҳи ноябр баргузор мешавад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки омодаанд номзадии вайронкунандаи Конвенсияи мазкуро дастгирӣ кунанд.
Истилогарон намоишкорона одат ва қоидаҳои бурдани ҷангро риоя намекунанд, украинҳои асирро шиканҷа дода, мекушанд. Тақрибан 95% муҳофизон ва шаҳрвандони мо дар зиндонҳои Русия зери хушунату истисмор қарор доранд.
Усули хоси истилогарони рус террори зидди мардуми осоишта мебошад. Душман муносибати ваҳшиёнаи худро нисбати аҳолии осоишта нишон дод: вай куллан шаҳрҳоро несту нобуд мекунад, одамони бе яроқро мекушад, таҷовуз намуда, азоб медиҳад. Харков, Сумӣ, Херсон, Запороже - ноҳияву қишлоқҳои назди фронт бо мушакҳои парвозкунанда ва бомбаҳои артилерӣ хароб карда мешаванд. Шаҳрҳои дар ақибгоҳбударо бо мушакҳо ва бесарнишинҳо ба вайронаҳо табдил медиҳад.
Аз оғози истилои васеъ, Русия ба Украина беш аз 9630 мушак ва инчунин беш аз 7000 бесарнишинҳои ҳамлакунанда равона кардааст, ки аксари онҳо ба сохтори ғайринизомӣ ва муҳими Украина: корхонаҳои коркарди нафт, анборҳои нафт, қариб ҳамаи пойгоҳҳои гармидиҳӣ ва энерджии обӣ равона шуда, вайрон карда шуданд, ҳадафи ҳамлаҳо мактабҳо, донишкадаҳои олӣ, беморхонаҳо мебошанд. 1179 мероси фарҳангии Украина зери таҳриб афтода, осеби калон диданд.
Мо ҳануз миқёсу шумораи марги аҳолии осоиштаро дар ҳудудҳои забту ишғолшуда, ҳатто тасаввур карда наметавонем. Дар ин замон танҳо марги 588 нафар ва ихроҷи ғайриқонунии беш аз 19 000 кӯдаки украинӣ ба қад гирифта шудааст. Мутаассифона, ин рақамҳо метавонанд хеле зиёдтар бошанд.
Шубҳае нест, ки ҳадафи террори Русия зиндагиро дар Украина тоқатфарсо кардан, тарсониданм мардум ва шикастани муқовимати мост.
Барои муқовимати пурраву муассир ба таҷовузкор ба мо системаҳои муосири мудофиаи ҳавоӣ лозиманд. Илова бар ин, мо зарурият ба системаҳои силоҳи дурпарвозро дорем, ки қодиранд ба пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои ҳарбӣ-ҳавоии душман дар қаламрави худашон зарба зананд ва мо аз шарикони худ чунин системаҳоро талаб мекунем.
Мо метавонем ба муқобили таҷовузкор маҳорати баланди кордонии ҷанговаронамон, инчунин самарабахшии яроқу техникаро гузорем, аммо омили муҳимтарин ин ангезаву ғайрат аст - украинҳо ҳаёти оилаашон, дӯстонашонро, замину ояндаи худро муҳофизат мекунанд.
Аксарияти кулли украиниҳо ба пирӯзӣ бар таҷовузкор ва баргардонидани қаламраву заминҳо боварӣ доранд. Талафоти душман назар ба талафоти Украина чандин маротиба зиёд аст. Маълумоти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро меорам: аз оғози таҷовузи густурдаи мусаллаҳ, Русия беш аз 710 000 нафар низомиро чун талафоти ҷуброннопазир дорад. Украина бидуни киштиҳои ҷангӣ худ тавонист тақрибан 30% флоти Баҳри сиёҳи Русияро несту нобуд кунад ва боқимондаашро аз Қрим рондаву берун намуд. Мо тавонистем авиатсия ва маҷмааи дифои ҳавоии худро саҳв дорем, дар ҳоле, ки 369 таёраҳо ва 330 чархболи Русияро нобуд созем. Муҳофизони мо зарбаҳояшонро ба анборҳои низомии Русия, корхонаву маҷмаҳои ҳарбиву саноатӣ ва лоҷистика идома медиҳанд.
Украина бозуву иқтидори маҷмааи мудофиавию саноатии худро бомуваффақият инкишоф дода, навъи нави яроқ, аслиҳаву техникаро ихтироъ намуда, мебарорад.
IA Avesta - Рӯзҳои охир дар бораи иштироки Куриёи Шимолӣ дар ҷанг гузоришҳои зиёде нашр шуданд. Оё ин ҳақиқат аст ва чӣ маъно дорад?
Аввал, ки Куриёи Шимолӣ ба Русия аз соли 2023 бо аслиҳа, таҷҳизот ва ҳоло бо одамонаш кӯмак мекунад. Мо медонем, ки нахустин воҳидҳои низомии ин кишвар аллакай ба минтақаҳои ҷангӣ расида омаданд. Рӯзи 23 октябр онҳо дар вилояти Курски Федератсияи Русия сабт шуданд. Ин як иқдоми рӯшани Русия барои авҷ додани ҷанг аст, бо вуҷуди он, ки Путин маълумоти бардурӯғро оиди куриёгиҳо дар нишасти БРИКС, ки дар Қазон гузашт, паҳн намуд.
Мо иштироки нирӯҳои Куриёи Шимолиро дар ҳамлаи Русия ба Украина ҳамчун афзоиши шиддат аз тарафи Русия мешуморем. Итминон дорам, ки паёмадҳои ин амалу иқдом берун аз марзҳои
Украина аз дигар кишварҳо низ вокуниши муносибро ба ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷанг аз тарафи таҷовузкор, интизор аст.
IA Avesta - Русия, ки дорои захираҳои бартарӣ аст Украинаро мағлуб карда натавонист. Имрузҳо дар бораи сулҳу осоиш ва гузаштан ба созиши дипломатӣ бештар сухан меравад. Шумо имрӯз кадом пешомадҳоро дар ин мебинед?
- Вазифа ва дурнамои асосии Украина ҳифзи давлатдориаш, барқарор кардани ягонагиву тамомияти кишвар дар асоси Оинномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Мо ин ҷангро оғоз накардаем, вале мо монанди ҳеч каси дигар, мехоҳем, ки онро хотима диҳем ва ба он таваққуфе надиҳем.
Биёед солҳои 2014 ва 2015, ба истилоҳ "созишномаҳои Минск"-ро ба ёд орем, ки он вақт ба Украина бор карда, таҳмил намуданд, ки комилан барои дифоъи муассираш омода набуд. Умуман, зиёда аз 200 гуфтушунид гузаронда шуданд. Дар натиҷа ин усули «ором намудани» таҷовузкору истилогар боиси ҷанги васеъ гардид. Пешниҳодҳои зуракӣ ё ултиматумҳои Русия гуфтушунид нестанд ва ҳар «кафолатҳо» ва созишҳоро Русия бо осонӣ вайрон мекунад, ки таърих гувоҳ аст. Сулҳ бидуни кафолати амнияти пурра танҳо барои идомаи таҷовуз ва истисмор заминаҳои пешакиро ба вуҷуд меорад.
Ҷаҳон бояд одилона ва устувор бошад - ин мавқеъи мост. Ба ин манзур, Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ду сол пеш Формулаи сулҳро пешниҳод намуда буд, ки дар он қатъи амалиёти ҷангӣ, барқарории адолат ва пешниҳоди кафолати пурра ба Украина барои пешгирии саршавии ҷанги нав иборат аст. Ин формуларо аллакай 100 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ кардаанд, зеро он аз Оинномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст. Мо якҷо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарор кардани сулҳ дар сарзаминамон кӯшиш дорем ва оянда низ мекунем.
Солҳои 2022 ва 2023 аксарияти мутлақи овозҳои иштирокдорони Ассамблеяии Генералии СММ аз ҳалномаҳо дар бораи ягонагиву тамомияти арзии Украина ва ҳифзи моддаҳои Оинномаи СММ оиди таҷовузи Русия алайҳи Украина пуштибонӣ карданд. Ҳоло бошад тарҳи нави ҳалномаи солона оиди ҳуқуқи башар дар қаламравҳои муваққатан ишғолшудаи Украина, омода мешавад, ки онро Ассамблеяи Генералӣ аз соли 2014 қабул намудааст. Ин ҳуҷҷатҳо ҷиноятҳои Русияро сабт ва ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва пуштибонии густурдаи ҷомеаи ҷаҳониро аз Украина нишон медиҳанд.
Имрӯзҳо ҳукумати Русия дар бораи музокироту гуфтушунид бисёр ҳарф мезанад, аммо дар баробари ин ба террори мардуми осоиштаи Украина идома медиҳад. Оё ин намоиши ниятҳои хақиқии сулҳ аст?! Худатон қазоват намоед! 17 ноябр таҷовузкор яке аз оммавитарин ҳамларо намуд: душман 120 мушак ва 90 бесарнишонҳоро истифода бурд, ки дар натиҷа фавтидагон ва захмдорон ҳастанд. Дар шаҳри Сумӣ як бинои истиқоматӣ бар асари мушакҳо хароб гардид, ки дар натиҷа 11 нафар ҳалок гардиданд, 55 кас ярадор шуданд. Маҷмаи энергетикии кишварамон хеле хароб гардидааст. Ин як маълумоти кучак аз чандинҳо буд.
Фикр дорам, ки барои таъмини сулҳи пойдор дар Аврупо ва берун аз он ба таҷовузкор гузашт кардан лозим нест. Шартномаву созизномаҳо бо таҳовузкор ягон натиҷае намебахшанд. Барои муҳофизати худ ва гирифтани кафолати пурраи амният ба мо силоҳ ва иттиҳоди мудофиавӣ зарур аст. Тавре ки Сарвари мо гуфта буд, мафҳуми «сулҳ тавассути қувват» самаранокии худро на як бору ду бор дар таърих исбот кардааст ва набояд тасаввуроти хаёлӣ вуҷуд дошта бошад, ки гузаштҳо дар мавқеъ ё мақом метавонад сулҳи одилонаву пойдорро ба шумо харидорӣ кунад.
Ин ҷанги бераҳмонаву душвор аст, аммо бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мо метавонем таҷовузкорро маҷбур созем, ки аз ниятҳояш даст кашад, сулҳро ба ҳама баргардонад, инчунин соҳибихтиёрӣ ва тамомияти ҳудудии Украинаро барқарор кунад.
Ҷаноби сафир аз ин суҳбататон сипосгузорем. Саломат бошед.
- Ба Шумо низ як ҷаҳон сипоси ман. Шараф ба Украина!
Душанбе, 19 ноябри соли 2024.